TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21278 98
Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад

Дар ҷумҳурӣ тибқи нақша дар 611 ҳазору 772 гектар бояд шудгор гузаронида шавад. То 25 сентябри соли равон дар 11 ҳазору 648 гектар шудгор гузаронида шудааст. Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани ҳосили фаровон шудгор барои кишти тирамоҳӣ, барвақтӣ ва баҳории соли 2026-2027 гузаронида мешавад.

Шудгор дар фасли тирамоҳ, пас аз ҷамъоварии ҳосили зироат аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр (то саршавии хунукиҳои шадид ва ях бастани замин) гузаронида мешавад. Давраи беҳтарин ва самарабахши он моҳҳои октябр ва ноябр мебошад, зеро дар ин вақт замин ҳанӯз рутубати муайян дошта, барои шудгор кардан ва нест кардани алафҳои бегона ва зараррасонҳо хеле мувофиқ аст. Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, кишоварзон бояд дар ин шабу рӯз замини киштро шудгор намоянд, зеро сари вақт ва хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Коршиносон мегӯянд, шудгори барвақтӣ, ки дар фасли тирамоҳ гузаронида мешавад, замина барои ҳосили фаровон мебошад. Зеро замин як муддат дам гирифта, мулоим шуда, дар сардии ҳаво алафҳои бегона нобуд ва дар натиҷа ҳосили фаровон ба даст меояд. Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок гардонида шаванд, дар ин ҳолат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаи касалиҳо кам ва ё пурра нест мешавад. Чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил диҳад. Вақте муҳлати шудгор ва чуқурии он таъмин гардид, аз заминҳо ҳосили хуб рӯёнидан мумкин аст.
Мутахассисон иброз медоранд, ки агар кишоварзон баъди гузаронидани шудгор дар заминҳои кишти зироати гандум ва пахта яхоб монда бошанд, аз он замин метавон ҳосили баланду дилхоҳ рӯёнид. Зеро ҳангоми яхобмонӣ дар чуқурии ним метр ҳашароти мавҷуда нобуд мешаванд, ҳамчунин дар ин чуқуриҳо ба миқдори зиёд об захира мегардад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 7, 2026Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ифтитоҳ шуд Дар Донишгоҳи давлатии…
  2. Oct 7, 2026Тоҷикистону Эрон низоми раводид тавассути роҳҳои заминиро низ лағв карданд Низоми раводид…
  3. Oct 7, 2026Рӯзи ҷаҳонии пахта. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум бароб…
  4. Oct 7, 2026Амрико ба Горди миллии Тоҷикистон як сомонаи паҳподӣ додааст Сафорати Амрико дар шаҳри Душ…
  5. Oct 7, 2026🇨🇳Беш аз ним миллион нафар аз соҳили Вайтан дар Шанхай дар рӯзи охирини "Ҳафтаи тиллоӣ"…
  6. Oct 7, 2026Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин барномасоз" баргузор мегардад Бо мақсади дарёфт ва дастгирии…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →