Амрико ба Горди миллии Тоҷикистон як сомонаи паҳподӣ додааст
Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе ба Горд (Гвардия)-и миллии Тоҷикистон як сомонаи паҳподӣ ё ҳавопаймоҳои бесарнишинро таҳвил додааст.
Ин ниҳоди дипломатӣ гуфтааст, ин таҷҳизот барои тақвияти амнияти марзӣ ва вокуниши муассир дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода хоҳад шуд.
Сафорати Амрико афзудааст, ки дар тӯли 35 сол, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон барои эҷоди минтақаи амнтар ва босуботар бо якдигар ҳамкорӣ кардаанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21281
284

