TGViewer
Channel Public Channel
Ҳамдастӣ

Ҳамдастӣ

@hamdastitj

🇹🇯Ахбори Тоҷикистон — сиёсат, иқтисод, ҷомеа. Ҳамдастӣ — якҷо дар бораи муҳимтарин ахбору таҳлил. Обуна шавед, то ки бо кишвар бошед!
Subscribers
1.95K
Photos
16.9K
Videos
4K
Links
13.3K
Recent Posts 20 shown
Post #21268 3
Толибон озодӣ ва демократия дар Афғонистонро рад мекунанд

Ҳукумати Толибон озодӣ ва демократияи тарзи ғарбиро расман рад мекунад ва низоми сиёсии худро танҳо бар асоси тафсири сахтгиронаи қонунҳои шариат устувор медонад.

Намояндагони расмии Толибон борҳо изҳор доштаанд, ки дар Афғонистон ҳеҷ гуна низоми демократӣ вуҷуд нахоҳад дошт, зеро он дар ин кишвар замина ва таърих надорад.

Толибон ба интихоботи озод, гуногунандешӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ бовар надоранд. Ҳокимият дар Исломии Эмирати Афғонистон комилан дар дасти Амири олӣ (Хайбатуллоҳ Охундзода) ва шӯрои уламои динӣ мутамарказ аст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21267 4
🇫🇷"Барои озод будан, бояд аз ту ҳарос дошта бошанд. Барои он ки аз ту тарсанд, ту бояд қавӣ бошӣ"

Ин ҳарфҳоест, ки раиси ҷумҳури Фаронса зимни нахустин парвози мушаки болдори М51.3 аз киштии зериобии ҳастаии "Le Vigilant"-ро, ки метавонад силоҳи ҳастаиро интиқол диҳад, изҳор дошт.

Ин мушак, ки бо силоҳи ҷангӣ муҷаҳҳаз набуд, аз қаламрави Бретани партоб шуда, дар масофаи садҳо километр аз соҳил дар Атлантикаи Шимолӣ афтод, зикр мекунад AFP.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21266 4
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
 
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Абу Аманӣ мулоқот намуд.
 
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034, омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2028 дар Душанбе ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои об, пиряхҳо ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иштироки ЮНЕСКО дар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» мубодилаи назар карданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21264 3
Дипломи аъло, оилаи ҷавон ва интихоби шарафмандона: Саидҷон Исмоилзода барои ҳифзи ватан ба хидмати низомӣ рафт
 
Дар ҷомеае, ки садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз муҳимтарин рукнҳои зиндагӣ ба шумор мераванд, иқдоми ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои МусаллаҳиТоҷикистон мепайванданд, намунаи ибрат ва мояи ифтихор аст.
 
Яке аз чунин ҷавонони ватандӯст Исмоилзода Саидҷон Дилшод мебошад, ки 8 августи соли 2004 дар шаҳри Левакант ба дунё омадааст. Ӯ аз зумраи ҷавонони соҳибмаърифатест, ки бо талошу заҳмати пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, имрӯз дар баробари масъулияти оиладорӣ, иҷрои қарзи муқаддаси шаҳрвандиро низ бар дӯш мегирад.
 
Саидҷон соли 2026 факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро аз рӯйи ихтисоси «Аудит ва ревизия» бо дипломи аъло хатм намудааст. Ин дастоварди назаррас аз кӯшишу ғайрат, завқи баланди омӯзиш ва иродаи қавии ӯ дар роҳи илмомӯзӣ шаҳодат медиҳад.
 
Ин иқдоми ҷавони соҳибмаълумот бозгӯи он аст, ки ватандӯстӣ танҳо дар сухан ифода намеёбад, балки пеш аз ҳама дар амал, дар иҷрои масъулият ва омодагӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлату миллат таҷассум меёбад.
 
Иқдоми Исмоилзода Саидҷон Дилшод, ки бо дипломи аъло хатм кардани донишгоҳро бо интихоби бошарафи хизмат ба Ватан пайванд додааст, метавонад барои дигар ҷавонон намунаи ибрат бошад. Зеро ҳифзи Ватан на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки шарафу номуси ҳар як фарзанди содиқи ин сарзамин аст.  

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21262 3
Тоҷикистон бо мусовӣ марҳилаи интихобии Ҷоми Осиёро дар соли 2027 оғоз кард

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.

Вохӯрӣ дирӯз, 5 октябр дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Дилафрӯз Абдикаримова ба самар расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳ футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби калони 16:0 пирӯз шуданд.

Дар даври дуюм 8 октябр мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо тими Кореяи Ҷанубӣ вомехӯрад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21261 3
Маҳмадбек Маҳмадбеков ба даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо расид

Паҳлавони хушноми тоҷик - Маҳмадбек Маҳмадбеков дар қисмати ниманиҳоии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2026 (Боку, Озарбойҷон) ҳарифаш Даниел Каргиниро шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоӣ баромад.

Дар финал (вазни то 73 кг) рақиби ӯ ҷудокори ҷопонӣ Рюга Тонака мебошад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21260 267
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Вахш бозсозӣ мешаванд
 
Азнавсозии роҳои марказии деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Вахш низ намунаи чунин иқдоми созанда буда, дар он сокинон, соҳибкорон, ҷавонон ва фарзандони деҳа саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21259 274
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бар тими миллии Чин пирзӯз шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский сеюмин бозии дӯстонаи худро дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳ анҷом дод. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21258 282
🇮🇱Исроил омода буд ҳавопаймои Flydubai-ро баъд аз ҳодисаи ҳамла ба халабон маҳв созад, — CBS News.

Дар Исроил аз қабл наҳваи вокуниш ба таҳдидҳои мисли ҳамалоти террористии 11 сентябр рӯи даст гирифта шудааст, гуфтанд манобеи шабакаи телевизионӣ.

Баъд аз сареан пойин омадани ҳавопаймо ва адами иртиботот бо халабонҳо ҷангандаҳои низомӣ ба фазо парвоз карда, ҳарими ҳавоии кишварро зери ҳимоя қарор доданд. Баъд аз тағйири масири парвози ҳавопаймо ба самти Арабистони Саудӣ ин ҷангандаҳо ба фурудгоҳ бозхонда шуданд. Дар дохили ҳавопаймои Flydubai 150 шаҳрванди Исроил қарор доштанд.


📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21257 292
IRS: ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ таъмин карда шуд

Намояндагии ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки роҳи Душанбе - Чаноқ боз буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.

Бартарафсозии оқибати омадани сел дар минтақаи Варзоб, ки дирӯз рух дод, шабона низ идома ёфт.

Бо назардошти давомдор будани бориши борон ва мавҷуд будани хавфи омадани сел аз ронандагон хоҳишмандем, ки эҳтиёткор бошанд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21256 308
Игор Ангеловский: “Бозиҳо бо рақибони пурқувват қисми муҳими омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2027 мебошанд”

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский интизориҳои худро аз бозии дӯстона бар зидди яккачини Чин баён кард. Ин вохӯрӣ 6 октябр дар шаҳри Чунтсини Чин баргузор мешавад. «Дар ду бозии охир мо аз нигоҳи оморӣ ва тактикӣ дар сатҳи рақибонамон қарор доштем. Дар бозӣ бо Фаластин мо ба натиҷаи мусбат наздик будем, аммо корти сурхи беасос сохтори баромади моро комилан вайрон кард. Бачаҳо бо ҷидду ҷаҳд мубориза бурданд, вале нисбати мо беадолатона қарор қабул шуд.

Рақобатҳо бо Озарбойҷон ва Фаластин имконияти хубе буданд, то ба ҳамаи футболбозони даъватшуда вақти бозӣ диҳем. Барои ман муҳим буд, ки имкониятҳои ҳар як бозигарро дар бозиҳои мураккаби байналмилалӣ ба таври дақиқ маълум кунам ва барои даста захираи воқеии бозигаронро ба вуҷуд оварам.

Ҳоло мо ба омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2027 тамаркуз кардаем, на ба таблиғи натиҷаи зоҳирӣ. Албатта, ба нақша гирифтани бозиҳо бо рақибони заиф, ба даст овардани ғалабаҳои осон ва пинҳон шудан дар паси омори фиребанда хеле осон мебуд. Аммо ин мушкилоти моро ҳал намекунад. Мо қасдан рақибони пурқувватро интихоб кардем, то имкониятҳои воқеии худро бисанҷем ва дастаро ба мусобиқаи сатҳи олӣ омода созем.

Ҳамчун сармураббӣ ман масъулияти пурраи натиҷаҳои ин давраи бозиҳои дӯстонаҳоро ба дӯш мегирам. Ман аз футболбозонам қатъиян ҳимоят мекунам. Ин даста дорои хислати қавӣ ва фазои хуби дастаҷамъӣ мебошад. Ман медонам, ки онҳо пагоҳ бо сари баланд ба майдон мебароянд ва барои муборизаи воқеӣ омода хоҳанд буд», – гуфт сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 6-уми октябр мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳӣ сеюмин бозии дӯстонаи худро баргузор мекунад. Ҳарифи дастаи мо дар ин дидор мунтахаби Чин хоҳад буд, ки дар рейтинги кунунии ФИФА мақоми 94-умро ишғол мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин соати 19:35 ба вақти маҳаллӣ (16:35 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21255 320
Амали нек – нишони инсоният
 
Бо мақсади иҷрои тадбирҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 сентябри соли 2026 аҳли ҳунари театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон ба номи Абдувалӣ Мақсуд ба мактаб- интернати махсус барои кӯдакони кар ва шунавоиашон сусти ба номи Тухтабой Ғаффорови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.
 
Дар он ҷо ҳунармандон намоишномаи тарбиявии "Зумрад ва Қиммат" - ро ба бошандагони мактаб - интернат пешкаш намуданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21254 335
🇷🇺Дар вилояти Москва маъмурони интизомӣ 40 нафарро аз ғуломӣ наҷот доданд

Дар ноҳияи Раменский одамонро паси деворҳо бо дурбинҳои назоратӣ нигоҳ дошта, шиноснома ва телефонҳояшонро гирифта буданд ва бо тарси силоҳу дастгоҳи барқзан ба кор маҷбур мекарданд. Номзадҳо барои чунин корро дар миёни нафароне ҷустуҷӯ мекарданд, ки дар вазъияти душвор афтода, ба онҳо кору манзил ваъда медоданд.

Ба яке аз чунин нафарон муяссар гардид, ки фирор карда, ба пулис бирасад.


📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21252 361
🇹🇯 IT Park Dushanbe ба AI Capacity Development Network ҳамроҳ шуд

IT Park Dushanbe ба шабакаи байналмилалии AI Capacity Development Network ҳамроҳ гардид.

Ин қадам ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди ташаббусҳои соҳаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21250 376
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегарданд
 
Имрӯз, соати 17:00  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки Бозиҳои Делфӣ доир мешаванд. Дар он истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз 9 кишвари аъзои ИДМ иштирок менамоянд.
 
Имрӯз инчунин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар доираи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар ИДМ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мегардад.
 
Ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд.
 
Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Бозиҳои 20-уми Делфӣ иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон аз рӯйи 10 номинатсия ҳунарнамоӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки барои ҳама меҳмонон ва иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир шуда, иштирокчиён аз маконҳои фарҳангии пойтахт дидан менамоянд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Older posts →

About this channel

How can I read @hamdastitj without a Telegram account?
TGViewer shows the public web preview Telegram publishes for Ҳамдастӣ: recent posts, photos, videos and the subscriber count, with no app, login or account.
How many subscribers does Ҳамдастӣ have?
Ҳамдастӣ (@hamdastitj) has 1.95K subscribers on Telegram, refreshed roughly every 30 minutes.
Does Ҳамдастӣ know I viewed it here?
No. Public channel previews carry no viewer identity, and TGViewer has no accounts or tracking of what you look up.
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →