Толибон озодӣ ва демократия дар Афғонистонро рад мекунанд
Ҳукумати Толибон озодӣ ва демократияи тарзи ғарбиро расман рад мекунад ва низоми сиёсии худро танҳо бар асоси тафсири сахтгиронаи қонунҳои шариат устувор медонад.
Намояндагони расмии Толибон борҳо изҳор доштаанд, ки дар Афғонистон ҳеҷ гуна низоми демократӣ вуҷуд нахоҳад дошт, зеро он дар ин кишвар замина ва таърих надорад.
Толибон ба интихоботи озод, гуногунандешӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ бовар надоранд. Ҳокимият дар Исломии Эмирати Афғонистон комилан дар дасти Амири олӣ (Хайбатуллоҳ Охундзода) ва шӯрои уламои динӣ мутамарказ аст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21268
3