Дипломи аъло, оилаи ҷавон ва интихоби шарафмандона: Саидҷон Исмоилзода барои ҳифзи ватан ба хидмати низомӣ рафт
Дар ҷомеае, ки садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз муҳимтарин рукнҳои зиндагӣ ба шумор мераванд, иқдоми ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои МусаллаҳиТоҷикистон мепайванданд, намунаи ибрат ва мояи ифтихор аст.
Яке аз чунин ҷавонони ватандӯст Исмоилзода Саидҷон Дилшод мебошад, ки 8 августи соли 2004 дар шаҳри Левакант ба дунё омадааст. Ӯ аз зумраи ҷавонони соҳибмаърифатест, ки бо талошу заҳмати пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, имрӯз дар баробари масъулияти оиладорӣ, иҷрои қарзи муқаддаси шаҳрвандиро низ бар дӯш мегирад.
Саидҷон соли 2026 факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро аз рӯйи ихтисоси «Аудит ва ревизия» бо дипломи аъло хатм намудааст. Ин дастоварди назаррас аз кӯшишу ғайрат, завқи баланди омӯзиш ва иродаи қавии ӯ дар роҳи илмомӯзӣ шаҳодат медиҳад.
Ин иқдоми ҷавони соҳибмаълумот бозгӯи он аст, ки ватандӯстӣ танҳо дар сухан ифода намеёбад, балки пеш аз ҳама дар амал, дар иҷрои масъулият ва омодагӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлату миллат таҷассум меёбад.
Иқдоми Исмоилзода Саидҷон Дилшод, ки бо дипломи аъло хатм кардани донишгоҳро бо интихоби бошарафи хизмат ба Ватан пайванд додааст, метавонад барои дигар ҷавонон намунаи ибрат бошад. Зеро ҳифзи Ватан на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки шарафу номуси ҳар як фарзанди содиқи ин сарзамин аст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21264
3