Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегарданд
Имрӯз, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки Бозиҳои Делфӣ доир мешаванд. Дар он истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз 9 кишвари аъзои ИДМ иштирок менамоянд.
Имрӯз инчунин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар доираи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар ИДМ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мегардад.
Ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Бозиҳои 20-уми Делфӣ иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон аз рӯйи 10 номинатсия ҳунарнамоӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки барои ҳама меҳмонон ва иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир шуда, иштирокчиён аз маконҳои фарҳангии пойтахт дидан менамоянд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21250
396
