TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21271 300
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
 
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
 
Аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, чунин файлҳо метавонанд таҳти ниқоби барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо, даъватнома ба тӯй, аксҳо ё дигар маълумот ирсол шаванд. Боргирӣ ва насби чунин файлҳо метавонад ба қаллобон имкони дастрасӣ ба телефони мобилӣ, маълумоти шахсӣ, паёмакҳои SMS, замимабарномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониро фароҳам оварда, боиси тасарруфи маблағҳои пулӣ гардад.
 
Бо мақсади ҳифзи маблағ ва маълумоти шахсӣ Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки файлҳои формати «.apk»-ро, ки тавассути «Telegram», «WhatsApp» ё дигар манбаъҳои номаълум ва санҷиданашуда ирсол мешаванд, ҳеҷ гоҳ боргирӣ ва насб накунед,
— ба пайвандҳои (ссылка) шубҳанок, ки тавассути паёмрасонҳо, SMS-паёмак ё почтаи электронӣ ирсол мешаванд, ворид нашавед,
— PIN-рамз, гузарвожа, рамзи якдафъаинаи SMS ва дигар маълумоти бонкии худро ба ҳеҷ кас надиҳед, манбае, ки аз он паём ё файли формати «.apk» омадааст, бодиққат санҷед, ҳатто агар он аз номи шахси шинос, бонк, мақоми давлатӣ ё ташкилоти дигар ирсол шуда бошад.

 
Дар хотир доред, ки кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ аз муштариён PIN-рамз, гузарвожа ва рамзҳои якдафъаинаи тасдиқкунанда талаб намекунанд ва насби барномаҳои бегона ё ғайрирасмиро пешниҳод наменамоянд. Агар файли шубҳанокро аллакай насб карда бошед ё гумон кунед, ки маълумоти бонкии шумо ба шахсони бегона дастрас шудааст, фавран ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиат намоед. Бонки миллии Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои бонкии рақамӣ ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
 

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 7, 2026Деҳаи Мадовраи Панҷакент ҳамаашон меҳмондӯст ва меҳрубонанд Фарҳанги меҳмондории сокинони…
  2. Oct 7, 2026Китобхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд Дар доираи…
  3. Oct 7, 2026Пизишкони эронитабор дар бемористони Синои Душанбе амалиёти наҷоти беморони дорои мушкили…
  4. Oct 7, 2026Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ифтитоҳ шуд Дар Донишгоҳи давлатии…
  5. Oct 7, 2026Тоҷикистону Эрон низоми раводид тавассути роҳҳои заминиро низ лағв карданд Низоми раводид…
  6. Oct 7, 2026Рӯзи ҷаҳонии пахта. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум бароб…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →