Тоҷикистону Эрон низоми раводид тавассути роҳҳои заминиро низ лағв карданд
Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон тавассути роҳҳои заминӣ ва аз тариқи кишвари сеюм ҳам бекор шуд. Қаблан шаҳрвандони ду кишвар танҳо тариқи ҳавопаймо метавонистанд бидуни раводид ба муддати 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
Дар ин бора Сайидҷон Шафизода, муовини сардори Раёстаи иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, гуфт, ки аз 5-уми октябр, муқаррароти Ёддошти тафоҳуми миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои хориҷӣ пурра татбиқ шуд.
Бар асоси ин ин муқаррарот, шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, акнун метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз дар ҳар 90 рӯз тавассути роҳҳои замиӣ, ҳавоӣ ва кишвари сеюм ба давлатҳои якдигар ворид шуда, аз он хориҷ шаванд, убур ё муваққатан иқомат кунанд.
“Низоми мазкур тавассути гузаргоҳҳои байналмилалии сарҳадӣ, аз ҷумла гузаргоҳҳои заминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои сеюм бо риояи талаботи қонунгузории миллии ҳар ду давлат амалӣ карда мешавад”, - гуфт Шафизода.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21284
280

