Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ва муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо роҳбарияти Барномаи АСИКУДА* -и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (UNCTAD) Рено Масснэ ва Ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА Дмитрий Гадунов баргузор гардид.
Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи АСИКУДА, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва содагардонии расмиёти савдо, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи низоми рақамии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия карда шудааст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21307
217