Дар шаҳри Душанбе ХХ умин Бозихои ҷашнии (ҷавонони) Делфӣ, давлатҳои иштирокчии ИДМ идома доранд
Дар ин чорабинии бузурги фарҳангӣ намояндагони Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Озарбойҷон ва Туркманистон иштирок доранд (Дар ин озмун инчунин донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхона Ҳофиз, гурӯҳи рақсии «Гулноз» ва иштирокчӣ аз Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералӣ иштирок доранд).
Аҳамияти асосии ин чорабинӣ - рушди фарҳанг ва санъат буда бозиҳо ҳамчун майдони пуриқтидор барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи мусиқии касбӣ, овозхонӣ (вокал), хореография ва санъати тасвирӣ хизмат мекунанд.
Аз ҷумла , ин лоиҳа дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи фарҳангӣ миёни ҷавонони кишварҳои Иттиҳод саҳми муҳим мегузорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21324
6