TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21368 59
Таҳкими амнияти минтақавӣ ба воситаи омӯзиши махсус

18 мутахассис аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон курси сеҳафтаинаи таълимии сатҳи 1-ро оид ба безараргардонии маводи тарканда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор гардид, хатм карданд.

Дар рафти омӯзиш, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, таълими назариявӣ бо машқҳои амалӣ якҷоя карда шуд, то малакаҳои касбии иштирокчиёнро дар самти безараргардонии маводи тарканда ва поксозии башардӯстонаи минаҳо тақвият диҳад.

Бо дастгирии омӯзиши махсус ва ҳамкории минтақавӣ, САҲА ба тақвияти иқтидори миллӣ, беҳтар намудани аксуламал ба хатарҳои марбут ба маводи тарканда ва таҳкими амнияти ҷомеаҳо дар саросари Осиёи Марказӣ саҳм мегузорад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 8, 2026Нигаронии сокинони шаҳри Душанбе аз зиёд шудани дуди ғализ, бад шудани сифати ҳаво, ҷамъша…
  2. Oct 8, 2026Нуриддин Қаршибоев дар бораи мушкилоти хабарнигорони тоҷик изҳори назар кард Ҷузъиёти наза…
  3. Oct 8, 2026Дар Душанбе чароғакҳои роҳнамо бо зеҳни сунъӣ насб шуданд Низоми нав дар ду чорроҳа — Рӯда…
  4. Oct 8, 2026Чароғакҳои вайрони роҳнамоӣ дар ҷоддаҳои Душанбе боиси ҷаримабандии ронандагон шудааст Кор…
  5. Oct 8, 2026Дар вилояти Суғд даври сеюми он оғоз ёфт Китоб дӯсту роҳнамои инсон дар роҳи дониш аст. Чӣ…
  6. Oct 8, 2026Эмомалӣ Раҳмон дар Аваза дар ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ карда…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →