Дар Душанбе чароғакҳои роҳнамо бо зеҳни сунъӣ насб шуданд
Низоми нав дар ду чорроҳа — Рӯдакӣ ва Бухоро дар назди Хонаи матбуот ва Рӯдакӣ ва Карамов дар назди Донишгоҳи аграрӣ фаъол шудаанд.
Зеҳни сунъӣ дар вақти воқеӣ шумораи мошинҳо, суръати ҳаракат ва ҳузури пиёдагардонро муайян мекунад.
Дар асоси ин маълумот система худ интихоб мекунад, ки ба кадом самт ва барои чанд вақт чароғи сабз фурӯзон шавад. Интизор меравад, ки низоми нав ба коҳиши роҳбандӣ ва ҷамъшавии мошинҳо дар чорроҳаҳо мусоидат кунад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21373
63