Нигаронии сокинони шаҳри Душанбе аз зиёд шудани дуди ғализ, бад шудани сифати ҳаво, ҷамъшавии партовҳо ва бӯйи нохуши оби лӯлаҳои обрасон
Нашри видеои дуди сиёҳе, ки аз дудкаши як иншоот ба ҳаво мебарояд, баҳси зиёдеро ба миён овардааст. Бархе сокинон мегӯянд, ки субҳ дар назди тирезаҳои хонаҳояшон чанги сиёҳ ҷамъ мешавад, дар баъзе маҳаллаҳо бӯйи сӯхтагӣ эҳсос мегардад ва онҳо маҷбуранд тирезаҳоро баста нигоҳ доранд.
Ҳамзамон, шаҳрвандон аз сари вақт набурдани партовҳо ва бӯйи ғайримуқаррарии оби нӯшокӣ шикоят доранд. Бо вуҷуди ин, сабаби пайдоиши дуди сиёҳ, таркиби он ва сатҳи воқеии ифлосшавии ҳавову об ҳанӯз аз ҷониби мақомоти масъул дар доираи ин шикоятҳо расман шарҳ дода нашудааст.
Сокинон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти санитарӣ ва масъулони шаҳри Душанбе талаб доранд, ки сифати ҳаво ва обро санҷида, натиҷаҳои онро ошкоро ба мардум пешниҳод намоянд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21375
297