TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21389 7
Доир ба Шабакаи иқлимии TajCN дар Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид

Дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мизи мудаввар доир ба Шабакаи иқлимии TajCN баргузор гардид. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон яке аз нуқтаҳои гарми иқлимии сайёра ва яке аз кишварҳои осебпазиртарини тағйирёбии иқлим дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад ва дар ин замина, созмонҳои экологӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таъсири он нақши муҳим мебозанд, бо ҷомеаҳои осебпазир, деҳқонон, занони деҳот ва ҷавонон ҳамкорӣ мекунанд, навовариҳо ва равишҳои ҷомеаро бо баробарии гендерро дастгирӣ мекунанд.

Мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим яке аз ҳадафҳои асосии Шабакаи иқлимии TajCN мебошад, ки бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ таъсис ёфтааст. Зимни баргузории Муколамаҳои иқлимӣ, иштирокчиён музокироти байналмилалии иқлимии дарпешистодаи Конфронси тарафҳои қолабии СММ оид ба тағийёбии иқлим COP31, ки дар моҳи ноябр дар Туркия баргузор мегардад, заминаи умумии онҳо ва интизориҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ карданд.

Ҳайати иштирокчиёни мизи мудаввар, коршинос ва мутахассисони байналмилалӣ дар муҳокимаҳо ширкат варзида, презентатсияҳо пешниҳод намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух доданд. Дар пешорӯи баргузории Конфронси тарафҳои қолабии СММ оид ба тағийёбии иқлим COP31, аъзои TajCN инчунин мавқеъҳо ва тавсияҳоеро, ки бояд дар саммити иқлимӣ ба мардум пешниҳод карда шаванд, баррасӣ карданд.

Бо назардошти осебпазирии баланди аҳолӣ, заифии экосистемаҳои кӯҳӣ, иқтидори маҳдуди мутобиқшавӣ ва маблағгузории иқлимӣ, созмонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди сиёсати пуршиддати иқлимӣ ва иштироки фаъолона дар COP31 пуштибонӣ мекунанд ва даъват мекунанд, ки ба ҳифзи ҷамоатҳои осебпазир ва масъалаҳои адолати иқлимӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сардхона барои нигоҳдории 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба исти…
  2. Oct 9, 2026Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва барнома…
  3. Oct 9, 2026Иштибоҳи ҳамлунақлӣ боис шуд, ки ҷузъҳои ҳассоси F-35 ба Чин бирасанд Тибқи гузориши Bloom…
  4. Oct 9, 2026Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва нам…
  5. Oct 9, 2026Толибон мақомоти пешини Афғонистонро дар қавмпарастӣ муттаҳам мекунанд Намояндагони ҳарака…
  6. Oct 9, 2026Дар деҳоти Зарҳалол пули мошингузар баъд аз бозсозӣ дубора фаъол гардид 📱 Обуна шавед — Ҳ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →