TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21405 246
Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Туркманистон

Тоҷикистон дар Аваза фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ мекунад. Дар минтақаи сайёҳии Авазаи Туркманистон рӯзҳои 7–8 октябр Фестивали хӯрокҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад.

Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ бо пешниҳоди намунаҳои фарҳанги миллӣ, таомҳои суннатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои анъанавӣ, сӯзанидӯзӣ ва созҳои мусиқии миллӣ иштирок мекунад.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ ҳунармандони тоҷик бо суруду мусиқӣ ва рақсҳои миллӣ баромад намуда, ба меҳмонон фарҳанги қадима, санъати асил ва анъанаҳои неки мардуми тоҷикро муаррифӣ хоҳанд кард.

Иштироки Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои муаррифии мероси фарҳангӣ, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

 Ҷузъиёти бештарро дар навор аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон бубинед:

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон дар бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд пӯшидани либоси м…
  2. Oct 9, 2026Картошкаи бузурге аз ҳосил дар Куҳистони Мастчоҳ Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик Токи мо о…
  3. Oct 9, 20269 октябр Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои са…
  4. Oct 9, 2026Ба таълими духтарон сармоягузорӣ кун – ба малакаҳояшон оянда бахш Таҳсил барои духтарон ва…
  5. Oct 9, 2026Имрӯз дар баъзе роҳҳои Душанбе ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад Имрӯз, 9 октябр,…
  6. Oct 9, 2026Пулиси Хуҷанд ба навори баҳсбарангези ҷавонзани нимурён вокуниш кард Пас аз паҳн шудани на…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →