Пулиси Хуҷанд ба навори баҳсбарангези ҷавонзани нимурён вокуниш кард
Пас аз паҳн шудани навори ҷавонзани нимурён дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард, мақомоти милитсия ҳодисаро мавриди санҷиш қарор доданд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шудааст, ки ҷавонзани соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, тайи ду соли охир расман аз бемории рӯҳӣ ранҷ мекашад. Ба иттилои мақомот, рӯзи ҳодиса ӯ бинобар вазъи саломатиаш аз назорати аъзои оила дур монда, ба кӯча баромадааст.
Милитсия аз шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш кардааст, ки бо назардошти вазъи саломатии ҷавонзан аз паҳн кардани навор ва навиштани шарҳҳои таҳқиромез худдорӣ намоянд. Ҳоло ҷавонзан ба наздиконаш супорида шуда, таҳти назорати табибон қарор дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21425
87