Аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз Чин 9386 мошин ворид шудааст ва ҳамакнун қоидаҳои содироти мошинҳо аз Чин сангинтар шуданд
Ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали 2026 ба кишвар 31,9 ҳазор мошини сабукрав ба маблағи $350,3 млн ворид шудааст. Аз ин миқдор 9386 мошин ба маблағи $140,2 млн аз Чин воридот шудааст. Ҳамакнун содиркунандагони чинӣ бояд мавҷудияти марказҳои хидматрасониро дар хориҷи кишвар тасдиқ кунанд. Барои ин пешниҳод кардани шартномаҳои ҳамкорӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи таъмири мошинҳо, аксҳои биноҳо, маълумот дар бораи таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва тахассуси кормандон зарур аст.
Аз лиҳози миқдор Чин баъд аз Куриёи Ҷанубӣ мавқеи дуюмро дар воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон аз рӯйи миқдор касб карда, аз рӯйи арзиш бошад, ҷойи аввалро мегирад.
Соли 2025 ба Тоҷикистон 63 961 мошин ба маблағи $684,9 млн ворид шуда буд, ки 16 667 адад бештар аз як соли қаблӣ буд. Воридот аз Чин 28% бозорро ба худ ихтисос дода буд, ки мавқеи баландтарин дар миёни воридкунандаҳои мошин ба Тоҷикистон мебошад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21434
56

