TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21433 242
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корхонаи коркарди шир ва биноҳои баландошёна сохта мешаванд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими гузоштани санги асоси корхонаи коркарди шир ва биноҳои баландошёна иштирок намуданд. Корхонаи нави коркарди шир бо мақсади рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳа, бинои корхонаи коркарди шир аз 2 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонии он моҳи сентябри соли 2026 оғоз гардидаанд. Ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ 1 августи соли 2028 дар назар аст. Бунёди чунин иншооти истеҳсолӣ дар ноҳия барои рушди иқтидори саноатӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бунёди биноҳои баландошёна низ пешбинӣ гардидааст. Ин иқдом ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ, беҳтар намудани шароити зист ва ободонии симои ноҳия мусоидат хоҳад кард. Гузоштани санги асоси иншооти мазкур қадами муҳим дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ҳисоб рафта, татбиқи он барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими имкониятҳои истеҳсолии ноҳия аҳамияти муҳим дорад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Истиқболи куҳансарбоз баъд аз анҷоми хидмати низомӣ дар ноҳияи Айнӣ Чунин маросими нав дар…
  2. Oct 9, 2026Ҷамъбасти 20 рузаи аввали маъракаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд 📱 Обуна шавед — Ҳамд…
  3. Oct 9, 2026Умури ободонӣ дар ноҳияи Темурмалик низ идома дорад Мисли дигар минтақаҳо дар ноҳияи Темур…
  4. Oct 9, 2026🇹🇯🎓🇺🇸 Донишмандони тоҷик метавонанд барои гузаронидани пажуҳиш дар Амрико кӯмаки молӣ…
  5. Oct 9, 2026Новобаста аз боридани барфи баланд, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Оббурдон имконпазир а…
  6. Oct 9, 2026Масчиди деҳаи Валиғонди Куҳистони Масчоҳ соли 1296 сохта шуда, сипас қисман бозсозӣ гаштаа…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →