TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21455 7
🇹🇯🎓🇺🇸 Донишмандони тоҷик метавонанд барои гузаронидани пажуҳиш дар Амрико кӯмаки молӣ дарёфт кунанд

Қабули дархостҳо барои иштироки донишмандони тоҷик дар барномаи бурсияи “Фулбрайт”-и Амрико дар соли таҳсили 2027–2028 оғоз шудааст.

Дар ин бора сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки довталабон имкон доранд то рӯзи 6-уми ноябр ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти ин бурсия пешниҳод кунанд. Ин барнома ба олимон ва мутахассисони тоҷик, ки дараҷаи докторӣ ё мадраке ҳамсатҳи он доранд, имкон медиҳад дар дар яке аз донишгоҳҳои Амрико таҳсил карда, дар ин муддат пажӯҳиш гузаронанд.

Ҳангоми пазириш авлавият ба довталабоне дода мешавад, ки таҷрибаи кори беш аз 10 солро доранд. Самтҳое, ки барои пажӯҳиши онҳо афзалият дода мешавад, ҳуши маснуӣ, фанновариҳои рақамӣ, канданиҳои ҳаётан муҳим, захираҳои энерживу об ва мудирияти касбу кор ҳастанд. Онҳое, ки бурсияро дарёфт мекунанд, хароҷоти сафарашон ба Амрико пардохт шуда, кумаки молӣ (грант) дарёфт мекунанд ва бимаи дармонӣ низ мешаванд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Назар ба хабари пешниҳоди президенти Тоҷикистон доир ба таъсиси корхонаи бузурги полоиши н…
  2. Oct 9, 2026Дар роҳи автомобилгарди Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, хатҳои уфуқии роҳ дар масоф…
  3. Oct 9, 2026Садамае дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар дурбини сабткунандаи ронандае ба навор гириф…
  4. Oct 9, 2026Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор мегардад 📱 Обу…
  5. Oct 9, 2026🇮🇹Ҳодисаи нодири ду аҷинашамоли ҳамзамон ба Ситсилия сарозер шуд: 11 нафар осеб бардошта…
  6. Oct 9, 2026Дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи мушовари вазоратхона оиди ҷаммъбасти нуҳмоҳаи сол…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →