TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21437 271
Дар Кӯлоб аз бағоҷи автомашина 110 ҳазор сомонӣ дуздида шуд

Дар шаҳри Кӯлоб ҳодисаи дуздии 110 ҳазор сомонӣ аз бағоҷи автомашинаи тамғаи BMW ба қайд гирифта шудааст. Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, 8 октябри соли 2026 ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи сокини маҳаллӣ, марди соли таваллудаш 1995, ворид гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, шахсони номаълум ба манзили истиқоматиаш ворид шуда, аз бағоҷи автомашинаи шахсиаш маблағи 110 ҳазор сомониро дуздидаанд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки ба ин ҳодиса ду зани соли таваллудашон 2004 — яке сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дигаре сокини шаҳри Кӯлоб — инчунин ноболиғи соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри Кӯлоб, гумонбар дониста мешаванд.

Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Дар ноҳияи Тоҷикобод боғдорӣ яке аз самтҳои сердаромад ва муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб…
  2. Oct 9, 2026Шаҳри Хуҷанд ғолиби мусобиқаи вилоятии варзишӣ ва соҳиби 50 000 сомонӣ гашт Обуна шавед —…
  3. Oct 9, 2026Таҷдиди неругоҳи "Варзоб-2" мавзӯи меҳвари дар мулоқоти Далер Ҷумъа бо намояндаи JICA дар…
  4. Oct 9, 2026Истиқболи куҳансарбоз баъд аз анҷоми хидмати низомӣ дар ноҳияи Айнӣ Чунин маросими нав дар…
  5. Oct 9, 2026Ҷамъбасти 20 рузаи аввали маъракаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд 📱 Обуна шавед — Ҳамд…
  6. Oct 9, 2026Умури ободонӣ дар ноҳияи Темурмалик низ идома дорад Мисли дигар минтақаҳо дар ноҳияи Темур…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →