Кишварҳои Осиёи Марказӣ тақсими оби рӯдхонаҳои Ому ва Сирро барои соли ҷорӣ ва оянда тасвиб карданд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ меъёри тақсими оби ду рӯди аслмии минтақа – Ому ва Сирро тасдиқ карда, реҷаи пешбинишудаи кори обанборҳоро дар ҳавзаҳои ин ду рӯд барои солҳои 2026–2027 баррасӣ карданд. Ин қарор дар ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об (КБҲХО), ки 7 октябр дар шаҳри Туркманбошӣ баргузор шуд, қабул шуд.
Дар ҷаласа сардори Сарраёсати сиёсати обу энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Абдураззоқзода иштирок кардааст. Иштирокчиён натиҷаҳои истифодаи меъёрҳои гирифтани об ва риояи реҷаҳои кори обанборҳоро дар ҳавзаҳои Ому ва Сир дар давраи нашъунамои соли 2026 баррасӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаи баррасиҳо комиссия меъёрҳои гирифтани обро барои кишварҳои минтақа дар давраи ғайринашъунамои солҳои 2026–2027 тасдиқ кардааст. Ҳамчунин реҷаҳои пешбинишудаи кори силсилаи обанборҳо, ки аз ҷониби ташкилоти ҳавзавии хоҷагии оби “Омударё” ва “Сирдарё” пешниҳод шудаанд, ба маълумот гирифта шуданд.
Ҳаҷми мушаххаси гирифтани об барои ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар замимаҳои протоколи ҷаласаи Комиссия нишон дода шудааст. Дар он ҷо ҳамчунин реҷаҳои пешбинишудаи кори обанборҳои ҳавзаи рӯдҳои Ому ва Сир пешниҳод шудаанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21387
3

