TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21395 6
Ифтитоҳи корхонаи тавлиди бетон "Бохтар иншоот" бо зарфияти 240 тонна дар як шабонарӯз

8 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корхонаи истеҳсоли бетони ҶДММ «Бохтар иншоот»-ро, ки дар деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти Навбаҳор бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳимов Сафар дар соли 2026 бунёд шуда, корҳои сохтмонӣ дар он шаш моҳ идома ёфтаанд. Дар давраи сохтмон 6 нафар сохтмончӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардида, бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.
Маблағи лоиҳавии сохтмони корхона 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 240 тонна бетон буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда барои истифода дар корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо ба истифода додани корхона барои 20 нафар сокинони маҳал ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад. Ба истифода супорида шудани корхонаи нави истеҳсолӣ дар баробари рушди соҳибкории маҳаллӣ, ба зиёд гардидани иқтидори истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ мусоидат хоҳад кард.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 8, 2026Эмомалӣ Раҳмон бо Сердар Бердимухаммедов мулоқот карданд 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷи…
  2. Oct 8, 2026Клубникапарварии Раҳматулло дар заминҳои лалмии деҳаи Курпаӣ Ҷузъиёти бештарро дар видео б…
  3. Oct 8, 2026Доир ба Шабакаи иқлимии TajCN дар Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид Дар Душанбе бо таш…
  4. Oct 8, 2026Кишварҳои Осиёи Марказӣ тақсими оби рӯдхонаҳои Ому ва Сирро барои соли ҷорӣ ва оянда тасви…
  5. Oct 8, 2026"Агар муаллим набуд, Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҳамсинфҳо дарс медод" Ҷаноби Олӣ, бачаи хуб буд,…
  6. Oct 8, 2026Имрӯз низ дар масири Душанбе-Чаноқ танбашавии нақлиёт мушоҳида мешавад Ба иттилои ронандаҳ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →