TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21381 3
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
 
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар иҷлосия санади ҳусни тафоҳум оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56-уми Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ баррасӣ гардида,  оид ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.

Зимни пешниҳоди протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56-уми Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки ҳадафи санади ҳусни тафоҳум такмили сохтори идоракунии ИКАО, баланд бардоштани сатҳи намояндагии давлатҳои аъзо ва мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти асосии ташкилот ба рушди босуръати соҳаи авиатсияи граждании байналмилалӣ мебошад. Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба моддаи 50 (а) шумораи аъзои Шурои ИКАО аз 36 то 40 давлат зиёд карда мешавад.
 
Зарурати қабули тағйироти мазкур ба он вобаста аст, ки аз замони охирини таҷдиди ҳайати Шуро дар соли 1990 шумораи давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Чикаго ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳоло зиёда аз 190 давлатро дар бар мегирад. Дар чунин шароит нигоҳ доштани тавозуни муносиби минтақавӣ ва таъмини иштироки васеи давлатҳо дар раванди қабули қарорҳо аҳаммияти махсус касб менамояд.
 
Дар асоси ин санади ҳусни тафоҳум Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (ИМА) имкони роҳандозии парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе — Абу-Забӣ ва Хуҷанд — Абу-Забиро тариқи ширкати ҳавопаймоии “Etihad Airways” баррасӣ доранд. Тавре аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон хабар доданд, ҳоло ин масъала дар марҳилаи баррасӣ ва омӯзиш аст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 8, 2026Ифтитоҳи корхонаи тавлиди бетон "Бохтар иншоот" бо зарфияти 240 тонна дар як шабонарӯз 8 о…
  2. Oct 8, 2026Эмомалӣ Раҳмон бо Сердар Бердимухаммедов мулоқот карданд 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷи…
  3. Oct 8, 2026Клубникапарварии Раҳматулло дар заминҳои лалмии деҳаи Курпаӣ Ҷузъиёти бештарро дар видео б…
  4. Oct 8, 2026Доир ба Шабакаи иқлимии TajCN дар Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид Дар Душанбе бо таш…
  5. Oct 8, 2026Кишварҳои Осиёи Марказӣ тақсими оби рӯдхонаҳои Ому ва Сирро барои соли ҷорӣ ва оянда тасви…
  6. Oct 8, 2026"Агар муаллим набуд, Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҳамсинфҳо дарс медод" Ҷаноби Олӣ, бачаи хуб буд,…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →