Дар Тоҷикистон ҳар сеюмин ҳолати нави ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ошкор мешавад
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар мулоқоти минтақавии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Душанбе, сатҳи паҳншавии ВНМО миёни муҳоҷирон 0,7 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аҳолии умумӣ — 0,2 дарсад — беш аз се маротиба зиёд аст.
Яке аз мушкилоти асосӣ ин аст, ки бархе муҳоҷирон аз тарси ихроҷ аз кишварҳои хориҷӣ ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намекунанд ва хатари қатъ шудани табобат ба миён меояд.
Барои ҳалли ин масъала Тоҷикистон аз машваратҳои телетиббӣ, тасдиқи фосилавии натиҷаи ташхисҳо ва таъмини доруҳои зиддиретровирусӣ то як сол тавассути шахсони боэътимод истифода мекунад, ки ба гуфтаи масъулон, ба ҳадди ақал 600 муҳоҷир дар хориҷи кишвар имкон додааст табобатро бефосила идома диҳанд.
Дар Душанбе мутахассисони Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон таҷрибаи табобати фаромарзии ВНМО-ро баррасӣ карда, барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ низ қадамҳои нав гузоштанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21376
120