TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21363 401
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии нардбозӣ идома дорад

Дар Маркази фарҳангу фароғатии «Кохи Наврӯз»-и Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии тахтаи нард — "Asian Grand Prix 2026" идома дорад, ки беш аз 300 варзишгар аз 30 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овардааст. Иштирокдорон тайи чанд рӯз дар 12 навъи бозӣ барои фонди ҷоизавии 500 ҳазор доллари ИМА рақобат мекунанд.

Душанбе пас аз Тошканд ва Тбилиси сеюмин шаҳри мизбони силсиламусобиқаҳои Гран-при Федератсияи байналмилалии тахтаи нард (IBF) дар соли ҷорӣ мебошад. Ба гуфтаи президенти IBF Умар Кремлёв, ҳадафи мусобиқа танҳо рақобат барои пирӯзӣ ва ҷоиза нест, балки фароҳам овардани фазои дӯстона барои иштирокчиён низ мебошад.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон то 11 октябр идома мекунад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 8, 2026Ифтитоҳи корхонаи тавлиди бетон "Бохтар иншоот" бо зарфияти 240 тонна дар як шабонарӯз 8 о…
  2. Oct 8, 2026Эмомалӣ Раҳмон бо Сердар Бердимухаммедов мулоқот карданд 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷи…
  3. Oct 8, 2026Клубникапарварии Раҳматулло дар заминҳои лалмии деҳаи Курпаӣ Ҷузъиёти бештарро дар видео б…
  4. Oct 8, 2026Доир ба Шабакаи иқлимии TajCN дар Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид Дар Душанбе бо таш…
  5. Oct 8, 2026Кишварҳои Осиёи Марказӣ тақсими оби рӯдхонаҳои Ому ва Сирро барои соли ҷорӣ ва оянда тасви…
  6. Oct 8, 2026"Агар муаллим набуд, Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҳамсинфҳо дарс медод" Ҷаноби Олӣ, бачаи хуб буд,…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →