TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21325 3
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
 
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. 
 
Дар иҷлосия лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
 
Дар иҷлосия инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», Оид ба протоколҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56 Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ, дар хусуси Протокол оид ба қатъи амали Созишнома оид ба кумак ба гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз 24 сентябри соли 1993, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 7, 2026🌎Рӯзи ҷумъа дар Замин тӯфонҳои қаҳрабоиро интизоранд: "Ҳафтаи ҷорӣ бо боло рафтани ҳадди…
  2. Oct 7, 2026Хабарнигорони вилояти Суғд аз Қалъаи Сарвода дар ноҳияи Айнӣ дидан карданд "Корвони хабарн…
  3. Oct 7, 2026Дар поёни маросими ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб президенти кишвар…
  4. Oct 7, 2026Дар шаҳри Душанбе ХХ умин Бозихои ҷашнии (ҷавонони) Делфӣ, давлатҳои иштирокчии ИДМ идома…
  5. Oct 7, 2026Дар “Тоҷикфилм” Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор шуд Имрӯз дар М…
  6. Oct 7, 2026Омода кардани мавиз аз ҳосили ангури боғдорони шаҳри Истаравшан 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →