Дар “Тоҷикфилм” Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди киноматографияи миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа дурнамои рушди соҳаи кино, аз ҷумла, такмили инфрасохтор, паҳн ва намоиши филмҳои миллӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва ҷалби бештари тамошобинон баррасӣ шуданд.
Директори «Тоҷикфилм» ва котиби масъули Шуро Маҳмадсаид Шоҳиён, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маҳмуд Мирзо Назарзода ва муовинони директори муассиса, доир ба масъалаҳои рӯзнома гузориш доданд.Ҳамзамон, масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории мероси кинои миллӣ, барқарорсозӣ ва рақамикунонии фонди кино, омодасозии кадрҳои касбӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиён, инчунин омодагӣ ба Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» зери унвони «Қадршиносии ҳунари асил» ва таҷлили 100-солагии кинои тоҷик дар соли 2029-ро баррасӣ карданд. Дар анҷоми ҷаласа барои рушди минбаъдаи кинематографияи миллӣ ва баланд бардоштани нақши синамои тоҷик дар муаррифии фарҳангу арзишҳои миллӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21323
2
