🎬 Ҷаҳонгир Қосимов: вақте сарнавишти инсон ба филм табдил меёбад
Баъзан саргузашти як инсон метавонад ба асари синамо табдил ёбад саргузаште, ки дар он мубориза, озмоиш ва рӯйдодҳои ғайриодии зиндагӣ ҷой доранд.
Коргардон Ҷаҳонгир Қосимов филми бадеии «Osmoni falaklarda: Aviaparvozning yagona qurboni»-ро бар асоси асари нависанда Хайриддин Султон ба навор гирифтааст. Филм ба сарнавишти инсон, озмоишҳои зиндагӣ ва паҳлуҳои печидаи ҳаёти ӯ бахшида шудааст.
Моҳи сентябри соли 2026 «Osmoni falaklarda» дар Ҷашнвораи байналмилалии «Antares» дар Москва дар номинатсияи «Беҳтарин экраникунонии касб» соҳиби ҷоиза гардид.
Ҷаҳонгир Қосимов аз коргардонҳои собиқадор ба шумор меравад. Ӯ солҳои зиёд дар соҳаи синамо ва телевизион фаъолият карда, дар эҷоди як қатор филмҳои бадеӣ ва лоиҳаҳои телевизионӣ саҳм гузоштааст.
Иштироки Ҷаҳонгир Қосимов дар III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои филмсозони ҷавон имкони мулоқот бо коргардони соҳибтаҷриба, шиносоӣ бо роҳи эҷодии ӯ ва суҳбат дар бораи касби коргардонӣ ва таҷрибаи чандинсолаи кор дар синамо мебошад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21321
2
