Як муҳоҷири тоҷиктабор дар Олмон дар зодрӯзи Пешвои миллат иқдоми хотирмоне анҷом дод
Дар майдони Мариелплатси Мюнхени Олмон бо эҳсоси ифтихору муҳаббат ба Ватан ба мардум ба муносибати зодрӯзи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулу ширинӣ тақдим намудам, навиштааст вай дар шабака.
“Барои ман ин танҳо тақдими як гул ё ширинӣ набуд, балки як ишораи хурди муҳаббат ба Тоҷикистон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз сарзамини азизам буд.
Зодрӯзи ин марди шарифу меҳрубонро самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри пурбаракат, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти давлатдорӣ муваффақиятҳои бештар орзу менамоям.
Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ободу осуда, сарбаланду шукуфон бошад ва дар ҳар гӯшаи ҷаҳон номи Тоҷикистон бо ифтихор садо диҳад”. Ёдовар мешавем, ки зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, президенти Тоҷикистон 5 октябр буд.
Ҷузъиётро дар навор бубинед:
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21305
386