Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ифтитоҳ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Маркази «STEM» ва Маркази таълимии устуворгардонии шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуданд.
Марказҳо барои рушди дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён, омӯзиши технологияҳои муосир, таҳқиқи тағйирёбии иқлим, муҳити зист, геология, энергетика ва иқтисоди «сабз» замина фароҳам меоранд.
Ин иқдом ба таҳкими иқтидори илмӣ-таълимӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат мекунад.
Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21286
406
