Китобхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки баъди таъмиру азнавсозии пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ симои нав касб намудааст, ифтитоҳ гардид.
Дар ҷараёни ифтитоҳи иншоот ба масъулин раванди корҳои анҷомдодашуда, шароити фароҳамгардида барои хонандагон ва имкониятҳои нави китобхона муаррифӣ гардид. Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва маърифатии минтақа ба ҳисоб рафта, барои аҳолӣ, махсусан хонандагону донишҷӯён, муҳаққиқон ва дӯстдорони китоб, ҳамчун манбаи муҳими дониш ва маърифат хизмат менамояд.
Дар доираи корҳои навсозӣ бинои китобхона пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ва шароити муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Корҳои навсозии иншоот бо маблағи 4,9 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21288
157