Дар ноҳияи Фархор литсейи касбии техникӣ мавриди истифода қарор гирифт
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор дар маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳраки Фархор муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ» баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ба истифода додани иншоот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, масъулони соҳаи маориф ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти литсей омода намудани ҷавонон, бахусус духтарон, ба касбу ҳунарҳои зарурӣ ва бозоргир мебошад. Дар ошёнаи якум синфхонаҳои дӯзандагӣ, каннодӣ ва ошхона ҷойгир буда, синфхонаи дӯзандагӣ бо 18 адад мошинаи нави дарздӯзӣ таъмин гардидааст.
Айни замон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касби техникӣ» 260 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Хонандагони муассиса баъди хатми таҳсил дар баробари гирифтани шаҳодатномаи хатм, соҳиби дипломи тахассусӣ низ гардида, метавонанд аз рӯи ихтисоси омӯхтаашон фаъолияти меҳнатии худро идома диҳанд.
Синфхонаи компютерӣ низ бо мақсади рушди саводи рақамӣ ва баланд бардоштани малакаи истифодаи технологияҳои муосир ташкил гардидааст. Таҷҳизоти таълимии муосир ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар баробари донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва рақамиро низ аз худ намоянд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21298
136