Пизишкони эронитабор дар бемористони Синои Душанбе амалиёти наҷоти беморони дорои мушкили қалбиро анҷом медиҳанд
Ин бемор, оғои 68-сола, якуним моҳ пеш мубталои сактаи миокард шудааст. Баъдан мавриди ангиография қарор гирифт ва дар натиҷа маълум гардид, ки шараёни коронарии рост 100 дарсад баста шудааст. Шараёни коронарии чап, ки шохаи бисёр бузурге мебошад, дар девораи пеши дил 90 дарсад танг шудааст.
Ҳамчунин, дар самти чап боз як тангии дигар ва дар қисмати интиҳои раги паси дил 100 дарсад басташавӣ мушоҳида шудааст.
Бо назардошти ҳолати рагҳои коронарӣ, имрӯз бемор мавриди амалиёти шунтгузорӣ қарор мегирад. Қарор аст барои барқарор намудани гардиши хун дар дил ба ӯ 3–4 шунт гузошта шавад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21287
407