Рӯзи ҷаҳонии пахта. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
7 октябр бо ташаббуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳаи пахтакорӣ ва нақши муҳими он дар рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии пахта муайян гардидааст. Пахта яке аз зироати асосӣ ва муҳими стратегӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз он беш аз 200 номгӯй маҳсулоти мавриди талаботи рӯзмарраи инсоният тайёр карда мешавад, ки ягон зироати кишоварзӣ аз ҷиҳати аҳамиятнокӣ ба он баробар шуда наметавонад. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст. Ҳангоми аз 1 гектар рӯёнидани ҳосили якхелаи гандум ва пахта дараҷаи даромаднокии пахта аз 8 то 12 маротиба нисбат ба гандум бештар мегардад.
Тибқи нақша, соли 2026 аз 186 ҳазор гектар кишти пунбадона 40 000 гектари онро усули зери плёнка ташкил медиҳад. Усули инноватсионии кишти чигит, аз ҷумла зери плёнка ва обёрии қатрагӣ яке аз равандҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани хароҷот ба ҳисоб меравад. Кишти зериплёнкавии пунбадона яке аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб рафта, махсусан дар минтақаҳои гарм ва камоб самаранок истифода мешавад.
Ба таъкиди мутахассисон, кишти чигит дар зери плёнка аз чанд ҷиҳат бартарият дошта, ба гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат мусоидат мекунад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки агар дар оянда кишти зери плёнка ва обмонии қатрагӣ амалӣ шавад, ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро дар замини бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшида тухми пунбадона ва об сарфа мегардад, онҳо ковок меистанд ва сахт намешаванд. Нуриҳои минералӣ ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда сари вақт ба ниҳолҳои пахта дода мешаванд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи нақша соли 2026 кишоварзони мамлакат 394 ҳазору 700 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. То 6 октябри соли равон 140 ҳазору 291 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки дар як рӯз 3106 тоннаро ташкил медиҳад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21283
299
