Камчинии семент ва болоравии нархи он дар Хатлон
Дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши вилояти Хатлон тайи рӯзҳои охир камчинии семент ба назар мерасад. Ҳамзамон, нархи ин маҳсулоти муҳими сохтмонӣ низ боло рафтааст. Феълан як халта сементи «Ғайюр Семент» 65 сомонӣ ва «Хатлон» 70 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Ба гуфтаи фурӯшандагон, афзоиши талабот ба семент аз сабабҳои асосии камёфтӣ ва болоравии нарх ба ҳисоб меравад. Ин ҳолат барои сокиноне, ки ба сохтмон ё таъмири манзил машғуланд, боиси афзоиши хароҷот шудааст.
Ин дар ҳолест, ки нархи семент дар як муддати кӯтоҳ бори дуюм боло меравад. Қаблан низ барои муайян кардани сабабҳои болоравии нарх ва ба эътидол овардани вазъ ба масъулони сохторҳои дахлдор супориш дода шуда буд. Ҳоло сокинон интизоранд, ки сабабҳои камчинии семент мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои таъмини бозор ва ба эътидол овардани нархи он чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21273
95

