Масъули пулпуркунии банкоматҳои “Душанбе Сити Бонк” 2,23 млн сомониро ба сирқат бурдааст
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан шаҳрванд А.М., соли таваллудаш 1998, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри мазкур бо гумони азонихудкунии маблағҳои бонк дастгир карда шуд.
Муайян гардид, ки номбурда дар вазифаи инкассатори маркази хизматрасонии «Душанбе Сити Бонк» дар шаҳри Истаравшан фаъолият карда, аз моҳи декабри соли 2025 то инҷониб, маблағҳои пулии аз хазинаи филиали ҶСП «Душанбе Сити Бонк» дар шаҳри Хуҷанд барои ҷойгир намудан дар банкоматҳо гирифтаашро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, дар маҷмӯъ 2 миллиону 223 ҳазор сомониро аз они худ кардааст.
Нисбати А.М., бо моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21277
413