Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Масъалаҳо оид ба истифодаи имконоти технологияҳои рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ, ба хусус ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ 7 октябр дар вохӯрии муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Парвиз Нориён бо роҳбари самти таъсири рақамии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Майлз Ҳасти баррасӣ гардиданд.
Аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба нақши технологияҳои рақамӣ дар рушди ҷомеа, фароҳам овардани имконияти нави таълимӣ барои кӯдакону наврасон ва зарурати ташаккули муҳити рақамии бехатар табодули андеша намуданд.
Бояд гуфт, ки рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши истифодаи интернет аз кӯдакону наврасон низ талаб менамояд, ки малакаҳои зарурии истифодаи бехатар ва масъулиятноки воситаҳои рақамиро азхуд намоянд. Дар ин раванд баланд бардоштани саводнокии рақамии кӯдакон, омӯзиши қоидаҳои истифодаи интернет ва пешгирии таҳдидҳои эҳтимолии фазои маҷозӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин барои таҳия ва татбиқи механизмҳои муассири ҳамкорӣ дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ ибрози омодагӣ намуданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21337
341
