Ташрифи ҳайати фаронсавӣ ба Тоҷикистон барои баррасии тақвияти ҳамкориҳо барои пешгирии хатарҳо
Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон бо пахши хабаре иттилоъ додааст, ки “як ҳайати муҳиме аз Фаронса, ки дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва амният фаъолият мекунад, ба Тоҷикистон ташриф овард. Ҳадафи ин сафар таҳкими ҳамкориҳои муштарак дар самти пешгирии хатарҳо ва идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ буд.
Ба ҳайат Комиссари дивизионӣ Сирил ГУТ, атташе оид ба масъалаҳои амнияти дохилӣ дар Осиёи Марказӣ, полковник Флоран КУРЕЖ, намояндаи корпуси хадамоти оташнишонӣ ва мушовир оид ба ҳифзи аҳолӣ дар назди Дирексияи ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиа, инчунин хонум Ҷулия Швейтсер, мудири намояндагии Expertise France дар Остона, шомил буданд. Ҳайат ҳамчунин шарафи боздид аз Маркази таълимии Қаратоғии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданиро дошт. Ҳамкорони фаронсавии мо дар ҷараёни сафар бо як қатор шарикони тоҷик аз ВКД, Неруҳои марзбонӣ ва байналмилалӣ, назири Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Сафорати ИМА дар Душанбе, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот намуданд”.
Манбаъ афзудааст, Фаронса яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва амнияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар самтҳои наҷот дар кӯҳистон, бехатарии роҳҳо ва пешгирии хатарҳои сейсмикӣ. Тамоми имконияту таҷрибаи сохторҳои дахлдори Фаронса барои таҳкими иқтидорҳои Тоҷикистон дар ин самтҳо сафарбар карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ яке аз сохторҳои давлатии дар хабарнома зикршуда то ҳол дар бораи мулоқоту суҳбатҳо бо ин ҳайати фаронсавӣ хабаре нашр накардааст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21357
399


