TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21356 404
Ба рӯзноманигорони соҳаи тиб шаҳодатномаи хатми курси тиббӣ супорида шуд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатнома ба рӯзноманигороне баргузор гардид, ки дар доираи машғулиятҳои омӯзишии Академияи ВАО курси такмили ихтисосро вобаста ба масъалаҳои тиб ва тандурустӣ ба анҷом расониданд.

Дар маросим роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академияи ВАО, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки баргузории чунин курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии рӯзноманигорон, бахусус дар самти таҳия ва пешниҳоди дурусти маводи марбут ба соҳаи тиб ва тандурустӣ, аҳамияти муҳим дорад. Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни курси такмили ихтисос шаҳодатномаҳо супорида шуданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 11, 2026Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар машқҳои саад дар Белараус иштирок мекунанд Ҳайати хизмат…
  2. Oct 11, 2026Дар Душанбе намоишгоҳи аксҳо бахшида ба набарди Қавкоз баргузор гардид Дар “Русский дом” д…
  3. Oct 11, 2026Муовини вазир омодагии Маркази барқу гармидиҳии №1-ро ба зимистон санҷид Муовини вазири эн…
  4. Oct 10, 2026Тоҷикистон дар Tier-1: Конфедератсияи футболи Осиё Лигаи миллатҳоро таъсис медиҳад Конфеде…
  5. Oct 10, 2026Бозӣ дар Истаравшан: КМВА пирӯз шуд Дар доираи бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон-…
  6. Oct 10, 2026🇫🇷"Пулиси Фаронса бинобар вокуниш ба эътирозҳои беш аз дуҳафтаинаи донишҷӯён, ки бо ҳада…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →