Муовини вазир омодагии Маркази барқу гармидиҳии №1-ро ба зимистон санҷид
Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода аз фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии №1-и шаҳри Душанбе боздид намуда, ба омодагӣ ба фасли сармо таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Зимни боздид масъалаҳои таъмини кори устувори марказ дар мавсими тирамоҳу зимистон баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки иқтидори лоиҳавии иншоот дар самти истеҳсоли неруи барқ 198 мегаватт ва энергияи гармӣ 350 гигакалорияро ташкил медиҳад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21529
420
