Мулоқоти директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо намояндаи Шӯрои Британияи Кабир
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ бо директори кишварии Шӯрои Британияи Кабир дар Ӯзбекистон ва масъули ин ниҳод дар Осиёи Марказӣ Майкл Ҳоулгейт баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии тамаддуни тоҷик ва табодули таҷриба баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак ва омодасозии мутахассисони соҳавӣ дар доираи барномаҳои Британияи Кабир тақвият бахшанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21629
6
