Ҳайати тими Тоҷикистон барои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки аз 24 октябр то 1 ноябр дар маҷмааи варзишии «Борис Арена» дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад, муайян шуд.
Кишварро дар мусобиқа ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунад: се нафар дар гӯштингирии юнонию румӣ ва панҷ нафар дар гӯштингирии озод.
Дар риштаи юнонию румӣ Назармуҳаммад Раҳмонбеков (55 кг), Аслам Азизов (60 кг) ва Шоҳин Холназаров (67 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар гӯштингирии озод бошад, Айаал Белолюбский (57 кг), Абдулмаҷид Кудиев (65 кг), Мустафо Аҳмадов (70 кг), Виктор Рассадин (74 кг) ва Сомон Икромов (79 кг) ба майдон мебароянд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
