Дар Душанбе намоишгоҳи аксҳо бахшида ба набарди Қавкоз баргузор гардид
Дар “Русский дом” дар шаҳри Душанбе зери унвони «Дар баландӣ» намоишгоҳи аксҳо доир гардид, ки ба яке аз набардҳои тӯлонитарин ва аз нигоҳи стратегӣ муҳими Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Набарди Қавқоз бахшида шуд.
Аксҳои банамоишгузошта бинандагонро бо лаҳзаҳои калидии мудофиаву ҳуҷум, шароити сангини ҷангҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ ва шуҷоату матонати сарбозони шӯравӣ ошно месозанд. Ин чорабинӣ ёдовари аҳамияти бузурги Ғалаба ва қаҳрамонии ҳимоятгарони Ватан мебошад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21530
422



