TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21643 2
Ҷудокорони Тоҷикистон қаҳрамонии ҷаҳонро бе нишон ҷамъбаст карданд

Тими Тоҷикистон иштироки худро дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Боку анҷом дод. Аз миёни панҷ намояндаи кишвар беҳтарин натиҷаро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило нишон дода, мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.
Нуралӣ пас аз пирӯзиҳо бар ҳарифонаш аз Қазоқистон ва Литва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт, аммо аз Денис Виеруи Молдова шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш низ аз намояндаи Муғулистон мағлуб шуд.
Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило то даври ҳаштякниҳоӣ расид. Лоиқ Қутбиддинов, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Мадина Қурбонзода бошад, пас аз рақобати аввал аз идомаи мусобиқа бозмонданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт се нишон ба даст оварда буд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 11, 2026Тоҷикистон ба беҳтарин натиҷаи таърихии худ дар Бозиҳои Осиё расид. Варзишгарони Тоҷикисто…
  2. Oct 11, 2026Душанбе мизбони нахустин Гран-прии ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон мегардад Рӯзҳои 24–25-уми ок…
  3. Oct 11, 2026«Саройкамар» мавқеи пешсафии худро дар Лигаи аввал мустаҳкамтар кард Мусобиқаи Лигаи аввал…
  4. Oct 11, 2026Ҳайати тими Тоҷикистон барои қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуд Ҳайати тими Тоҷикистон барои қаҳр…
  5. Oct 11, 2026«Равшан» ва «Ҳосилот» муҳорибаро бо мусовӣ хотима доданд Дар бозии даври 18-уми Қаҳрамонии…
  6. Oct 11, 2026Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ шуд Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов аз ҳайати ин созмони ҷаҳо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →