Иттиҳоди бошгоҳҳои Аврупо (EFC) пешниҳод кард, ки созмони фарогири «Бошгоҳҳои футболи ҷаҳон» (WFC) таъсис дода шавад. Ҳадафи асосии ин ташаббус фароҳам овардани имконият барои бошгоҳҳои тамоми қитъаҳо мебошад, то дар қарорҳои калидии FIFA аз тақсими даромадҳои миллиардӣ то танзими тақвими мусобиқаҳои ҷаҳонӣ соҳиби овози мустақил бошанд.
Бошгоҳҳои футбол, ки бозигаронро бо маош таъмин намуда, мактабҳои варзишӣ ва инфрасохторро рушд медиҳанд, дигар намехоҳанд танҳо иштирокчии оддии мусобиқаҳо бошанд. Раҳбари EFC ва президенти ПСЖ Насри Ал-Ҳелайфӣ таъкид мекунад, ки ҳар як бошгоҳ бояд дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими футболи ҷаҳонӣ намояндаи худро дошта бошад.
Нуктаҳои асосии рақобати нав:
Таҷрибаи муваффақи Аврупо: Дар Аврупо тавассути ширкати муштараки EFC ва UEFA (UC3) бошгоҳҳо солона беш аз € 5 млрд. евро даромади мусобиқаҳоро идора мекунанд. Акнун онҳо мехоҳанд ин моделро дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ созанд.
Ихтилоф бо FIFA: FIFA кӯшиш кард, ки назорати молиявии Қаҳрамонии ҷаҳонии бошгоҳҳоро ба таври якҷониба дар дасти худ нигоҳ дорад, аммо бошгоҳҳо хостори иштироки мустақим дар қарорҳои идорӣ ва молиявӣ шудаанд.
Густариши пайваста: EFC нақша дорад, ки шумораи аъзои худро ба 1000 бошгоҳ расонда, сипас дастаҳои дигар қитъаҳоро низ ба ин раванд ҷалб намояд.
Рақобат барои таъсиррасонӣ ба низоми идоракунии футболи ҷаҳонӣ торафт шиддат мегирад ва марҳилаи асосии ин мубориза то интихоботи Президенти FIFA дар соли 2027 идома хоҳад ёфт.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
