“Тоҷикфилм” ва Россотрудничество ҳамкориҳоро дар соҳаи синамо густариш медиҳанд
Дар «Тоҷикфилм» мулоқоти мудири муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён бо Андрей Валериевич Патрушев роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи кино, омода намудани кадрҳои миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба табодули таҷрибаи касбӣ, ташкили дарсҳои “Устоду шогирд” (мастер – класс) ва барномаҳои омӯзишӣ, ҷалби коргардонҳо ва мутахассисони соҳаи кинои Россия ба таҳияи филмҳои муштарак дар қолаби копродуксия ва татбиқи лоиҳаҳои нави эҷодӣ табодули назар карданд.
Зикр гардид, ки дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” яке аз дарсҳои “Устоду шогирд” дар бинои “Русский Дом” воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ҷонибҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки густариши ҳамкориҳои мустақим миёни муассисаҳои синамоии ду кишвар метавонад ба омодасозии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбии филмофарон ва таҳияи филмҳои муштарак мусоидат намояд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21705
3

