TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21707 2
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
 
Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Муколама ба масоили робитаи иқтисоди даврӣ бо иқлим ва сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва соҳибкории инноватсионӣ бахшида шуд. Дар он намояндагони порлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, мақомоти давлатӣ, Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ҷомеаи коршиносон иштирок намуданд.
 
Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо SWITCH-Asia ва бо дастгирии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид.
 
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода иброз намуд, ки иқтисоди даврӣ имрӯз аз доираи масъалаҳои экологӣ ва идоракунии партовҳо берун рафта, ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ, навсозии саноат, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини устувории иқлимӣ табдил ёфтааст.
 
Иштирокчиён аҳаммияти рушди минбаъдаи Платформаи парламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамкории парламентҳо бо мақомоти давлатӣ, бахши соҳибкорӣ, муассисаҳои молиявӣ ва шарикони байналмилалиро дар самти пешбурди иқтисоди даврӣ ва истифодаи самараноки захираҳо таъкид намуданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 12, 2026Дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон барои сайёҳон паноҳгоҳи изтирорӣ фаъол гардид 📱 Обуна ш…
  2. Oct 12, 2026🇵🇰Дар Покистон ҳавопаймои омӯзишии неруҳои ҳавоӣ ба далели нуқси фаннӣ суқут кард. Ҳар д…
  3. Oct 12, 2026Тиҷорати шабонарӯзӣ ва чойи ройгон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба…
  4. Oct 12, 2026“Тоҷикфилм” ва Россотрудничество ҳамкориҳоро дар соҳаи синамо густариш медиҳанд Дар «Тоҷик…
  5. Oct 12, 2026Эрон қасд дорад дар зудтарин фурсат ба феҳрасти 10 кишвари беҳтарини ҷаҳон дар соҳаи ҳуши…
  6. Oct 12, 2026Вазорати энергетикаи Тоҷикистон тарҳи намунавии насби неругоҳҳои хуршедӣ дар манзили маску…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →