TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21704 6
Эрон қасд дорад дар зудтарин фурсат ба феҳрасти 10 кишвари беҳтарини ҷаҳон дар соҳаи ҳуши сунъӣ ворид шавад

50 сол пеш, афсарон ва кормандони амрикоӣ дар Эрон бо компютерҳои азим кор мекарданд, аммо шоҳи Эрон дар қасри худ ҳатто як компютер надошт. Технология воситаи бегонагон буд ва эронӣ танҳо тамошогар.

Имрӯз бошад, ҳамон ҷавони эронӣ бо вуҷуди таҳримҳо, ҷанг ва ҳазорон маҳдудият, дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ медурахшад ва рутбаҳои беҳтарини ҷаҳонро соҳиб мешавад. Роҳбари Эрон низ борҳо таъкид кардааст, ки Эрон бояд дар соҳаи ҳуши сунъӣ аз 10 кишвари беҳтарини ҷаҳон бошад.

Дирӯз, Эрон тамошогари технология буд; имрӯз, Эрон дар роҳи табдил ёфтан ба яке аз қутбҳои ҳуши сунъии ҷаҳон аст. Ва ин роҳро ҷавононе месозанд, ки бо дастҳои холӣ, аммо бо иродаи оҳанин, номи Эронро дар қуллаҳои илм ба аҳтоз дармеоваранд.

Тафовут дар ин ҷост: дар он рӯзгор, ҷавон восита буд; имрӯз, ҷавон худаш муҳаррики пешбарандаи илм ва технология аст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 13, 2026Мотосикли қоидавайронкун ба ҷаримагоҳ интиқол шуд Кормандони Маркази «Шаҳри бехатар» барои…
  2. Oct 13, 2026TBEA Душанбе - саноати куҳӣ дар канори тилло боз кадом фулузоти нодирро истихроҷ мекунад?…
  3. Oct 13, 2026Дар Бадахшон боз як неругоҳи хуршедӣ фаъол гашт Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухт…
  4. Oct 13, 2026Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ (1897-1971) Аввалин доктори илм (1934) аз миёни тоҷикон, р…
  5. Oct 13, 2026Дар вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбӣ 70 дарсад иҷро шуд: кадом шаҳру ноҳияҳо нақшаро пурр…
  6. Oct 13, 2026Президент Путин қатли Лораҷониро иштибоҳи бузург унвон кард Президенти Русия Владимир Пути…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →