Мотосикли қоидавайронкун ба ҷаримагоҳ интиқол шуд
Кормандони Маркази «Шаҳри бехатар» барои дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шаҳрванд Мухамедов Шариф — ронандаи мотосикл, рақами қайди давлатиаш 202ХО02-ро боздошт намуданд.
Чуноне аз навори камераҳои назоратӣ дида мешавад, номбурда дар хиёбони Рӯдакӣ мотосиклро бо суръати баланд ва иҷрои амалҳои хатарнок идора намуда, ҳамзамон талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон кардааст.
Вобаста ба ин, нисбати Мухамедов Ш. бо моддаи 310-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, мотосикл дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21720
44