TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21718 298
Дар Бадахшон боз як неругоҳи хуршедӣ фаъол гашт
 
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон неругоҳи нави барқи хуршедӣ бо иқтидори 3 мегаватт ба истифода дода шуд. Ин иншоот дар охири моҳи сентябр аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
 
Неругоҳро ширкати ТГЭМ дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бунёд кардааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи июни соли 2025 оғоз шуда, дар давоми тақрибан як сол ба анҷом расидаанд.
 
Неругоҳ дар баландии 2600 метр аз сатҳи баҳр, дар масоҳати 4 гектар ҷойгир буда, аз 4752 панели офтобӣ ва таҷҳизоти муосири захиракунии неруи барқ иборат аст. Он ҳамчунин бо системаи идоракунии фосилавӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки имкон медиҳад фаъолияти неругоҳ аз масофаи дур назорат карда шавад.
 
Ба гуфтаи масъулон, ҳадафи асосии ин лоиҳа беҳтар намудани таъминоти барқ дар Бадахшон, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаи энергетикӣ ва истифодаи бештари неруи тозаи хуршедӣ мебошад.  

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 13, 2026Хусиҳо ба самти ҷанубу ғарбии Яман пешравӣ карда, ба шаҳри Таиз наздик шуданд Онҳо фурудго…
  2. Oct 13, 2026Силсиладузд дар нақлиётро пулиси Душанбе боздошт Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ша…
  3. Oct 13, 2026Shohin Airlines ва Turkish Airlines Ёддошти тафоҳум имзо карданд Гуфта мешавад, ин санад б…
  4. Oct 13, 2026Дар Истаравшан 1912 кг махсулоти пастсифат, ки аз ҷониби тоҷирон ихтиёрӣ супорида шуд, ноб…
  5. Oct 13, 2026Дар Душанбе аз таваллудхона навзод нопадид шудааст Дар Пажуҳишгоҳи момодоягӣ ва амрози зан…
  6. Oct 13, 2026Як андешаи коршиносони варзида Насриддинов Замониддин дар барномаи Амният ва ҷомеа дар роб…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →